Ҷаласаи роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони вазоратҳо ва идораҳо
9 январи соли 2020, дар толори конфронсии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони вазорату идораҳое, ки дар доираи лоиҳаҳои Агентии байналмилалии нерӯи атом фаъолият доранд, баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи амнияти озуқаворӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар солҳои 2018–2019 ва нақшаҳои минбаъда барои солҳои 2020–2021 гузориш дод. Намояндагони вазорату идораҳо аз дастгирии пайвастаи Агентӣ дар иҷрои лоиҳаҳои МАГАТЭ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳамзамон иштирокчиён оид ба самаранокии татбиқи лоиҳаҳо ва пешгирии мушкилот мубодилаи афкор карданд.